Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ занеро барои таҳқири миллӣ маҳкум кард


Татяна Шевтсова –Валова

Татяна Шевтсова –Валова

Як додгоҳи Қазоқистон хонуми рустабореро шартан маҳкум кард, ки аз қазоқҳо ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хостааст, то ба ҳайати Русия дохил шаванд.

31 март ҳукми додгоҳ дар ин бора содир ва Татяна Шевтсова–Валова шартан чаҳор сол маҳкум шуд. Ин ба он маъност, ки вай ҳоло зиндонӣ нахоҳад шуд, вале агар шартҳои ҳукмро риоят накунад, он гоҳ ин мӯҳлатро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Баъд аз мудохилаи Русия ба умури дохилии Украина кишвари дигари ҳамсояи Русия - Қазоқистон аз амнияти худ нигарон аст. Бозрасон мегӯянд, Шевтсова-Валова дар навиштаҳои худ дар Фейсбук қазоқҳоро “чурки” хитоб карда ва гуфтааст, Қазоқистон ҳам бояд мисли Қрим ба бахше аз Русия табдил шавад.

XS
SM
MD
LG