Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоии эътилофи Саъудӣ ба Яман


Ҳавопаймоҳои эътилофи зери фармондеҳии Арабистони Саъудӣ рӯзи шашӯм пайдарҳам ба мавозеи тундравҳо зарба мезананд. Киштиҳои ҷангӣ ба фурудгоҳи Адан ва атрофи он, ки дар контроли тундравҳост, бори аввал ҳамла кардаанд.

Нируҳои ҳавоии эътилоф шоми 30 март ва субҳи 31 март ба амборҳои аслиҳаи тундравҳои Ҳусӣ дар наздикии шаҳри Санъо низ, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешаванд, зарба ворид карданд. Сокинони Санъо ин бомбаборонҳоро сахттарин ҳамла то ҳоло арзёбӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар Эрон гуфт, ки ба Яман кӯмакҳои башарӣ фиристодааст. ИРНО-хабаргузории расмии ин кишвар гузориш додааст, ки ин ёриҳо аз 19 тон доруву таҷҳизоти тиббӣ ва маводи ғизоӣ иборат аст.

Эрон дар бораи фиристодани ин кӯмакҳо аз роҳи ҳавоӣ хабар додааст, вале нагуфтааст, ки ҳавопаймои ҳомили ёриҳо дар куҷо фуруд омадааст.

XS
SM
MD
LG