Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба Қирғизистон 200 млн $ медиҳад


Муовини вазири молияи Федерсюни Русия Сергей Сторчак дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, кишвараш барои кӯмак ба узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 200 миллион доллар медиҳад. Дра ин бора ӯ бо ҳамтои қирғизаш рӯзи 31 март дар Бишкек созишнома ба имзо расонд. "Ин ба Қирғизистон кӯмак мекунад, чаҳор гумруки марзиии худро навсозӣ ва бо кишварҳои дигар рақобат кунад", гуфт Сторчак. Сарвазири Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев гуфт, бо шомил шудани кишвараш ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар аввали моҳи майи соли равон марзҳои Қирғизистон ба марзи ин иттиҳод табдил хоҳанд ёфт. Ҳафтаи гузашта Оторбоев аз гузаргоҳ ва марказҳои гумрук дар марзҳоои Чин ва Тоҷикистон дидан кард.

XS
SM
MD
LG