Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футболи Афғонистон ба Ӯш нарасид


Варзишгоҳи Ӯш
Варзишгоҳи Ӯш

Баъд аз пешомаде дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Ӯши Қирғизистон дастаи миллии футболи Афғонистон аз бозии дӯстона бо дастаи Қирғизистон даст кашидааст.

30 март хавопаймои "Пегасус Азия" аз хати парвоз берун рафт ва дар ин ҳавопаймо дастаи Қирғизистон низ нишаста буд. Бозии дастаҳои ин ду кишвар бояд 31 март дар шаҳри Ӯш баргузор мешуд.

Тенгелбес Мусоев-сухангӯи Федератсияи футболи Қирғизистон ба матбуот гуфтааст, ки дастаи футболи Афғонистон ба Бишкек расидааст, вале баъд аз шунидани хабари фурудгоҳи Ӯш ба сабабҳои амниятӣ аз парвоз ба Ӯш канорагирӣ кардааст.

Рӯзи душанбе ҳавопаймои "Пегасус Азия", ки аз Бишкек ба Ӯш парвоз мекард, ҳангоми фуруд 50 метр аз хати парвоз берун рафтааст. Дар ҳавопаймо дастаи футболи Қирғизистон низ буд. Касе аз мусофирон осеб надидааст.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ҳангоми фуруди ҳавопаймо дар Ӯш барф меборид ва вазъи ҳаворо сабаби он медонанд.

XS
SM
MD
LG