Пайвандҳои дастрасӣ

"Гурӯҳи Афғонистон"-и СПАД дар Душанбе ҷамъ меояд


Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Мавзӯи меҳварии ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, қи қарор аст ин ҳафта дар Душанбе доир шавад, баҳси пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақа, хоҳад буд.

Пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар қаламрави кишварҳои аъзои СПАД, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии ин созмон баррасӣ хоҳад шуд. Абдулфайз Атоӣ, роҳбари Департаменти иттилоот ва таҳлили вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 31-уми март зимни брифингӣ хабарӣ гуфт, дар ин ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия Эдвард Налбандян, Владимир Макей, Ерлан Идрисов, Абдилдаев Эрлан Бекешович ва Сергей Лавров иштирок хоҳанд кард.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор мегардад.

Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Атоӣ, барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД намояндаи амалкунандаи САҲА - вазири корҳои хориҷии Сербия Ивича Дачич, роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва директори Маркази САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский, даъват шудаанд.

Абдулфайз Атоӣ афзуд, дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи СПАД тасдиқи нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзои ин созмон доир ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа дар нимаи дуюми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016, ба нақша гирифта шудааст.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар соли 1992 ба думболи фурӯпошии Шӯравии собиқ дар Тошканд, пойтахти Узбакистон таъсис ёфт. Вале баъдан Узбакистон кишваре, ки мизбони муассисони ин паймон буд, дар соли 1999 ҳамроҳ бо Озарбойҷон ва Гурҷистон ба нишони эътироз аз нокифоягӣ дар фаъолиятҳои он аз ҳайъати паймон хориҷ шуданд. 14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд

Давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG