Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон гӯшти Русияро аз фурӯш бардоштаанд. Дафтари матбуотии Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон гуфтааст, ки ин гӯшт ба муқаррароти техникӣ ҷавобгӯ нест. Дар гӯшти ворида аз Русия ангезандаи бемории рӯдаро пайдо кардаанд.

Дар хабари матбуотӣ гуфта мешавад, ки дар моҳи март аз маводи ғизоӣ Русия 272 санҷиш гирифтаанд ва онҳо ба муқаррароти беҳдоштӣ мутобиқат намекунанд. Аз ҷумла 74 санҷиш аз маҳсулоти гӯштӣ гирифта шудааст.

Дар ин хабар номгӯи маҳсулот ва номи корхонаҳои тавлидкунандаи он оварда шудаааст. Ҳамаи ин маҳсулот сертификати беҳдоштӣ доштаанд. Ҳоло ниҳодҳои зидахли Қазоқистон аз амборҳову мағозаҳо ин маҳсулотро мусодира мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG