Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин шаҳрвандонашро аз Яман баровард


31 март вазорати дифои Чин гуфт, ки киштиҳои низомии ин кишвар хуруҷи шаҳрвандони Чин аз Яманро ба охир расондаанд. 570 нафарро киштиҳо тавассути Баҳри Сурх ё Баҳри Аҳмар ба Ҷибуттӣ-кишвари соҳилии Африқо расондаанд ва онҳоро аз он ҷо бо ҳавопаймо ба Чин мебаранд.

Вазорати дифои Чин гуфтааст, ки онҳо шаҳрвандонашонро аз Адан ва гурӯҳи бузургтареро аз Ҳудейдо берун овардаанд. Бино ба ин хабар, 8 шаҳрванди кишварҳои дигар низ як ҷо бо шаҳрвандони Чин берун бурда шудаанд, вале дар бораи миллияти онҳо чизе гуфта нашудааст.

Чун амалиёти хуруҷи шаҳрвандони Чин аз Яман ба поён расидааст, акнун киштиҳои низомии Чин ба Халиҷи Адан бармегарданд, то дар амалиёт бар зидди роҳзанҳои Сомалӣ ширкат ҷӯянд.

XS
SM
MD
LG