Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангезаи куштори Немтсовро "тағир" доданд


5 нафаре, ки дар робита бо куштори Борис Немтсов боздошт шуда буданд, ба он муттаҳам мешаванд, ки онҳо аз тарафи гурӯҳи созмонёфтае кироя шуда будаанд. Дар ин бора намояндаи додгоҳи шаҳри Маскав хабар дод.

Пештар матбуот бо такя ба сарчашмаҳо хабар дода буданд, ки муфаттишон омилҳои қатли фармоиширо истисно медонанд. Онҳо бештар ин қатлро ба ангезаҳои “сиёсиву мазҳабӣ”, яъне ба изҳороти Немтсов дар бораи ҳимояташ аз маҷаллаи фаронсавии “Шарли Эбдо” иртибот медоданд.

Ҳамкорон ва хешовандони Немтсов таъбири куштори вай тавассути тунравҳои исломиро рад мекунанд. Иля Яшин ин кушторро “фармоиши Кремл” медонад. Жанна-духтари калонии Немтсов низ иртиботи ин куштор бо исломро хандадор медонад ва мегӯяд, падараш бар зидди ҳукумат мубориза мебурд, на бар зидди ислом.

XS
SM
MD
LG