Пайвандҳои дастрасӣ

Пулфиристии муҳоҷирон аз Русия 6,6% кам шуд


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон ба тариқи тоза 3 миллиарду 349 миллион доллар интиқол дода шуд, ки назар ба соли 2013 6,6% камтар аст. Ин маблағ 36,6 дарсади Маҳсулоти умумии нохолииси миллиро ташкил дод, ҳол он ки дар соли 2013 он ба 42,2 % баробар буд. Ба ақидаи Бонки миллии Тоҷикистон, ин бештарин коҳиши иинтиқоли пул ба Тоҷикистон аз оғози шумориши адади мазкур аст. Бино бар ин манбаъ, дар соли гузашта қариб 90 дарсади ин пул дар шакли рубли русӣ ва бақия доллар ва евро интиқол ёфтааст. Бо коҳиши шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ин хатар вуҷуд дорад, ки пули интиқолӣ ба Тоҷикистон дар соли 2015 то 30% кам шавад.

XS
SM
MD
LG