Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ирсоли тарҳи тағйири қонуни ҳизбҳо ба парлумон


Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва “иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро барои баҳсу баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст. Ҳарчанд тарҳи ислоҳи қонун дар бораи созмонҳои иҷтимоӣ барои ҷомеа рӯшан аст, аммо маълум нест, тарҳи иловаҳо ба қонуни ҳизбҳо чиро дар бар мегирад.

Ин тасмим дар ҷаласаи рӯзи 31 март гирифта шудааст, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, дар ин ҷаласа Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ то соли 2020 низ тасдиқ шудааст. Оқои Раҳмон таъкид кардааст, “табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон, мебошад”.

Инчунин, барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ шуда, мақомоти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор муваззаф шудаанд, барои ба аҳолии ниёзманд тақсим кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир дар робита ба даъвати баҳории ҷавонон, ба низом даровардани истифодабарии роҳҳои мошингард, назорати қурби пули миллӣ ва омодагӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии баҳорӣ супориш додааст.

XS
SM
MD
LG