Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби футболи ҷавонони зери 23-солаи Тоҷикистон дар ду бозии сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё шикаст хӯрд.

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар ду бозии сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё байни бозигарони синнашон то 23-сола, ки дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) ҷараён дорад, мағлуб гашт.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев нахустин бозиашро ба тими Яман бо ҳисоби 1-2 ва бозии дувумашро ба мунтахаби ИМА бо ҳисоби 0-3 бохтанд.

Баъди ду даври мусобиқа дастаҳои мунтахаби ИМА ва Яман бо 6-имтиёзӣ пешсафанд. Вале тимҳои Тоҷикистон ва Шри-Ланка, ки имтиёз ба даст наовардаанд, сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин байни худ аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи баъдӣ маҳрум шуданд.

Бозии даври охирин байни дастаҳои Тоҷикистону Шри-Ланка имрӯз, 31-уми март, соати 20.45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Чемпионати Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23) Сабқати интихобӣ

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

Яман – Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Айман Ал-Хагрӣ, 21 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 61 (1:1). Айман Ал-Хагрӣ, 78 (2:1).

Тоҷикистон: Муъминҷон Гадойбоев, Алишер Шарифов (капитан), Бахтиёр Азимов, Саидхони Амрохон, Соҳибҷон Ҳакимов, Амирбек Ҷӯрабоев, Парвизҷон Умарбоев (Фирӯз Раҳматов, 84), Фаридун Шарифов, Абдулло Саидов (Ромиш Ҷалилов, 61), Ҷаҳонгир Алиев (Ҷаҳонгир Эргашев, 69), Абдурасул Раҳмонов.

27 март. Фуҷайра (ИМА). Варзишгоҳи «Калба». 300 тамошобин.

ИМА – Шри-Ланка – 4:0

Даври 2-юм

ТоҷикистонИМА – 0:3

Голҳо: Юсиф Саид, 14 – аз пеналтӣ (0:1). Аҳмад Барман, 21 (0:2). Аҳмад Рабиа, 61 (0:3).

Тоҷикистон: Муъминҷон Гадойбоев, Наврӯз Рустамов, Алишер Шарифов (капитан), Бахтиёр Азимов, Саидхони Амрохон, Амирбек Ҷӯрабоев (Эмомалӣ Сониев, 14), Ромиш Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев, Абдурасул Раҳмонов, Ҷаҳонгир Эргашев.

Аз бозӣ хориҷ шуд: Муъминҷон Гадойбоев (Тоҷикистон), 12.

29 март. Фуҷайра (ИМА). Варзишгоҳи «Калба». 1409 тамошобин.

Шри-Ланка – Яман – 0:5

Даври 3-юм

17.45 – ИМАЯман

20.45 – Тоҷикистон – Шри-Ланка

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

ИМА

2

2

0

0

7-0

6

2

Яман

2

2

0

0

7-1

6

3

Тоҷикистон

2

0

0

2

1-5

0

4

Шри-Ланка

2

0

0

2

0-9

0

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG