Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 45 паноҳанда дар Ал-Мазракаи Яман


Созмони муҳоҷирати СММ мегӯяд, ки бар асари зарбаи ҳавоӣ дар наздикиҳои қароргоҳи фирориёни Ал-Мазракаи вилояти Ҳаҷҷа, воқеъ дар шимолу ғарби Яман, 45 нафар кушта ва 65 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, миёни қурбониён занону кӯдакон ва кормандони хадамоти амнияти қароргоҳ низ ҳастанд.

Аммо, ба гуфтаи вазири умури хориҷии Яман Риаф Ёсин, ки дар пойтахти Арабистони Cаъудӣ қарор дорад, паноҳандагон на бар асари ҳамлаи ҳавоӣ, балки бар асари зарбаи тӯпхонаи шибҳанизомиёни шии хутӣ кушта шудаанд.

Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ рӯзи 26 март амалиёти ҳавоӣ алайҳи хутиҳоро, ки пойтахт ва шаҳрҳои бузурги Яманро таҳти назорат қарор додаанд, шурӯъ кард.

XS
SM
MD
LG