Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳуд Олмерт, нахуствазири пешини Исроил, дар мурофиаи додгоҳии такрорӣ оид ба парвандаи фасод рӯзи 30 март дар ду ҷинояти нав - қаллобӣ ва сӯиистифода аз эътимод айбдор шуд. Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, Олмерт аз як тоҷири амрикоӣ, ки дар Исроил манфиатҳои худро дошт, бо пули нақд ришват мегирифт.

Эҳуд Олмерт, ки 69 сол дорад, соли 2012 аз рӯи ин парвандаи фасод сафед карда шуд, аммо бозрасӣ баъд аз шаҳодати яке аз ёварони собиқаш аз сар гирифта шуд. Ин шоҳид бо мақомоти тафтишотӣ созиш кардааст.

Интизор меравад, ки вакилони дифои Олмерт аз болои қарори ахири Додгоҳи Байтулмуқаддас шикоят баранд. Мӯҳлати ҳабс ҳанӯз эълон нашудааст.

Моҳи майи соли гузашта Эҳуд Олмерт бо иттиҳоми 160 ҳазор доллар ришват гирифтан ба шаш соли зиндон маҳкум шуд. Ба иттилои тафтишот, ӯ замони шаҳрдорииБайтулмуқаддас барои як созиши ғайриқонунӣ марбут ба моликият ришват гирифта буд.

Эҳуд Олмерт, ки аз соли 2006 то соли 2009 раҳбари ҳукумати Исроил буд, ҳама иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG