Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон садҳо шаҳрванд ва корпуси дипломатии худро аз Яман берун кард. Бар пояи хабарҳо, ҳавопаймои Boeing 747-и ширкати Pakistan International Airlines рӯзи 30 март 494 шаҳрванди Покистонро аз шаҳри Ал-Ҳудайдаи Яман ба Исломобод интиқол дод.

Нерӯҳои мусаллаҳи Арабистони Саъудӣ хабар доданд, ки ба хотири таъмини амнияти интиқоли шаҳрвандони Покистон амалиёти низомӣ дар атрофи бандари Ал-Ҳудайдаро барои ду соат мутаваққиф карданд. Ба иттилои Исломобод, тақрибан 3 ҳазор шаҳрвандони Покистон дар Яман кору зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол флоти ҳарбӣ-баҳрии Покистон хабар дод, ки яке аз киштиҳои низомияшро ба халиҷи Аден фиристодааст. Аммо Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи 30 март хабарҳо дар бораи ба ҷанг алайҳи шибҳанизомиёни шиамазҳаби хутӣ ҳамроҳ шудану ба Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ пайвастани кишварашро рад кард.

Покистон аз ҳампаймонҳои дерини Арабистони Саъудӣ маҳсуб мешавад ва Эронро дар пуштибонӣ аз хутиҳои шиамазҳаб дар Яман айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG