Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, ба хотири музокирот бо нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ ва дигар мансабдорони ироқӣ рӯзи 30 март вориди Бағдод шуд. Сухангӯи ӯ дар Твиттер навишт, ки Бан Ки Мун пуштибонии СММ аз мардум аз ҳукумати Ироқ дар ин марҳалаи сангинро иброз хоҳад дошт.

Як мансабдори Созмони Милал бидуни ифшои ному насабаш ба хабаргузориии Рейтер гуфтааст, ки Дабири Кулли СММ дар мулоқот бо раҳбарони Ироқ вазъи сиёсиву амниятии кишварро баррасӣ хоҳад кард.

Нерӯҳои ироқӣ бо мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки соли гузашта бахши аъзами шимол ва ғарби кишварро ишғол кардаанд, вориди даргириянд. Ба онҳо Эътилофи таҳти фармони ИМА бо зарбаҳои ҳавоӣ кӯмак мекунад.

Чанд ҳафтаи ахир Тикрит, зодгоҳи раисиҷумҳури пешини Ироқ Саддом Ҳусейн, ба саҳнаи даргириҳо миёни артиши Ироқ ва гурӯҳи “Давдати исломӣ” табдил шудаааст.

Бан Ки Мун баъд аз хатми нишасти сарони Лигаи кишварҳои араб дар Миср ба Бағдод омад.

XS
SM
MD
LG