Пайвандҳои дастрасӣ

Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, баррасии парвандаи як сокини Исфара ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон оғоз шудааст. Масъулони додгоҳ аз ин фард Б.Ш. ном бурда ва мегӯянд, вай соли 2006 дар Русия ба Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шудааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, барои боздошти 3 пайванди Б.Ш, ки дар Русия низ узви Ҳаракати исломии Узбакистон будаанд, ҷустуҷӯ эълон шудааст. Б.Ш моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст.

Шурӯи мурофиаи ин фард дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳолест, ки бозбинии парвандаи як гурӯҳи 10-нафарии сокинони Исфара, ки ба узвият дар ҳаракатҳои ифротгароӣ муттаҳам дониста мешаванд, оғоз шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG