Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон дастур додааст, ки сагҳои дайду ва бесоҳиб дар ин минтақа маҳв карда шаванд. Масъулони раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон рӯзи душанбеи 30 март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин дастур ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳамлаи сагони дайду ва бесоҳиб ба сокинони вилоят рӯи даст гирифта шудааст. Зеро ба гуфтаи ин масъулон, танҳо дар моҳи март теъдоди афроде, ки дар вилояти Хатлон аз сӯи сагони дайду ва бесоҳиб газида шудаанд, ба 100 нафар расидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки осебдидагон аз он шикоят доранд, ки имкони харидории воксин барои ҳифзи саломатияшонро надоранд. Дар гузашта низ мақомот дар манотиқи мухталифи кишвар сагони дайдуро аз байн бурда буданд.

XS
SM
MD
LG