Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии дзюдо дар Туркия


Комроншоҳи Устопириён ва Хаёмиддин Ҷабборов, паҳлавонони тоҷик, дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо дар Самсуни Туркия ноком шуданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 27-29-уми март дар шаҳри Самсуни Туркия баргузор шуд, шикаст хӯрданд. Хаёмиддин Ҷабборов дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило рӯзи 28-уми март дар даври аввал аз Алон Раҳима (Эрон) мағлуб гашт. Дар ин вазн ҳамагӣ 46 гуштигир ширкат дошт.

Комроншоҳи Устопириён бошад, рӯзи 29-уми март дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Милан Рандл (Словакия) шикаст хӯрд. Теъдоди гуштигирон дар ин вазн 42 нафар буд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 491 варзишгар (305 мард ва 186 зан) аз 67 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҳолланд бо касби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон (2-1-0) ҷойи дувум ва мунтахаби Узбакистон (2-0-1) ҷойи севумро гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии дзюдо дар Туркия байни мардон

- 60 кг
1. ЛУТФИЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбакистон)
2. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
3. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
3. СЕНДОЧИР Согбаатар (Муғулистон)

- 66 кг
1. СОБИРОВ Ришод (Узбакистон)
2. ДАВААДОРҶ Тумурхулег (Муғулистон)
3. АБДУЛҶАЛИЛОВ Абдулло (Русия)
3. ОЛЕНИЧ Сергиу (Португалия)

- 73 кг
1. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
2. ВАНЛИУҒЛУ Ҳасан (Туркия)
3. ЭЛМОНТ Дэкс (Ҳолланд)
3. СКВОРСОВ Виктор (ИМА)

- 81 кг
1. ПИЕТРИ Люк (Фаронса)
2. ТОМА Сергей (ИМА)
3. МАРГИАНИ Ушанги (Гурҷистон)
3. МОЛЛАЕӢ Саид (Эрон)

- 90 кг
1. ВАН ТЭНД Ноэл (Ҳолланд)
2. КУКОЛЖ Александр (Сербия)
3. БОЗБОЙЕВ Ислом (Қазоқистон)
3. ҶӮРАЕВ Шералӣ (Узбакистон)

- 100 кг
1. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)
2. ФРЕЙ Карл-Ричард (Олмон)
3. УМАРОВ Асен (Русия)
3. ПЕТЕРС Дмитрий (Олмон)

+100 кг
1. ҶАБАЛЛА Файсал (Тунис)
2. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)
3. БОР Барна (Маҷористон)
3. КРАКОВЕТСКЙИ Юрий (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG