Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаби гузашта, 28-уми март дар Душанбе бо ширкатиҳудуди 1500 донишҷӯ ҳамоише бахшида ба “Соати Замин” баргузор шуд.

Шаҳноз Комилзода, сухангӯи ширкати мобилии Tcell, ки ин чорабинӣ бо ибтикори он сурат гирифта буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди ду соат бо донишҷӯён дар дар торикии шаб бо афрохтани шамъ атрофи ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон сӯҳбат шуд.

- Албатта, мо дар зарфи як соат ҳеҷ таъсире ба иқлим расонда наметавонем, аммо ба ҳар ҳол як хушдоре ё ёдоварие аз муҳофизати муҳити зист, сарфакорона истифодаи об, нерӯи барқ ва дигар захоири табии мекунем, - афзуд Шаҳноз Комилзода.

Маросими “Соати Замин” 8 сол боз бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар аксар кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Шанбешаби гузашта фаъолони ҳифзмуҳитзитии 154 кишвари ҷаҳон бо рамз ба Замин салом доданд ва боэҳтиром барои як соат чароғҳоро хомӯш карданд.

XS
SM
MD
LG