Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои арабӣ нерӯҳои муштарак месозанд


Ҳавопаймои артиши Миср
Ҳавопаймои артиши Миср

Абдулфаттоҳ ал-Сиси, раиси ҷумҳури Миср, гуфт, кишварҳои арабӣ дар усул розӣ шудаанд, ки қувваҳои мусаллаҳи муштарак таъсис диҳанд. Ӯ рӯзи 29-уми март дар нишасти сарони кишварҳои Лигаи арабӣ гуфт, зарурати таъсиси чунин қувва пеш омадааст, зеро “миллати араб ба чолишҳои бузурге рӯ ба рӯ шудааст, ки ба тавоноиаш таҳдид мекунанд.” Бар асоси эъломияе, ки дар ин нишаст дар шаҳри Шарм ул-Шайхи Миср қабул шуд, намояндагони кишварҳои арабӣ бояд моҳи оянда ҷамъ омада ва ҷузъиёти ташкили нерӯҳои мусаллаҳи муштаракро баррасӣ кунанд. Ба гуфтаи Набил ал-Арабӣ, раиси Лигаи арабӣ, ин нерӯҳои муштарак метавонанд, бо ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ва ошӯбгарон дар Либияву Яман муқобила кунанд. Қарори ташкили нерӯҳои муштарак баъди он қабул шуд, ки Арабистони Саудӣ ва шарикони арабиаш ҳамлаҳои ҳавоӣ ба зидди ошӯбгарони ҳусӣ дар Яманро оғоз карданд. Ба гуфтаи Набил ал-Арабӣ ҳамлаҳо то замони таслим шудани ошӯбгарони шиамаҳзҳаб идома мекунад.

XS
SM
MD
LG