Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомборони ҳусиҳо дар Яман идома кард


Нерӯҳои ҳавоии 10 кишвари арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ рӯзи 29-уми март ҳамлаҳои ҳавоӣ ба зидди ошӯбгарони қабилаҳои ҳусӣ дар Яманро идома доданд. Бовар меравад, ин ошӯбгаронро Эрон ҳимоят мекунад. Чанд соат пеш аз ин ҳамлаҳо Абдурабу Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман, Эронро ба ноором кардани кишвараш муттаҳам кард ва ошӯбгарони ҳусиро “дастнишондаҳои Эрон” номид. Ӯ дар ин бора дар нишасти сарони кишварҳои Лигаи арабӣ рӯзи 28-уми март сухан гуфт. Абдурабу Мансур Ҳодӣ рӯзе аз ин пештар баъди ҳаракати ошӯбгарони ҳусӣ ба шаҳри Адан аз ин шаҳр гурехт ва дар Арабистони Саудӣ паноҳ бурд. Раиси ҷумҳури Яман хост, бомборони ҳусиҳо то замони таслим шуданашон идома кунад. Ӯ гуфт, “лӯхтаҳои Эрон” ва ҳамроҳони онҳо, бо “беақлии сиёсӣ Яманро вайрон карданд”. Ба қавли ӯ, нақши Эрон дар ин муноқиша метавонад, сабаби ҷанг дар тамоми минтақа шавад. Эрон ва ошӯбгарони суннӣ иддаоҳо дар бораи нақши Эрон дар ин муноқишаро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG