Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Лигаи араб дар Миср шурӯъ шуд


Дар шаҳри Шарм ул-Шайхи Миср рӯзи 28-уми март нишасти сарони кишварҳои Лигаи арабӣ шурӯъ шуд. Абдул Фаттоҳ ал-Сиси, раиси ҷумҳури Миср, дар ин нишаст аз кишварҳои узв даъват кард, барои муқобила бо таҳдидҳои минтақавӣ нерӯҳои муштараки арабӣ таъсис бидиҳанд. Дар нишаст роҳҳои рафъи бӯҳрон ва хатми ноамнӣ дар Яман баррасӣ мешавад. Баъди ишғоли шаҳри Санъо аз тарафи размандагони қабилаҳои шиамазҳаби ҳусӣ дар соли гузашта ва аз мақомаш барканор кардани раиси ҷумҳур Абду Рабу Мансур Ҳодӣ, низоъу муноқиша дар Яман авҷ гирифт. Размандагони қабилаҳои ҳусиро Эрон ҳимоят мекунад. Нерӯҳои ҳавоии кишварҳои арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ аввали ин ҳафта мавзеъҳои ҳусиҳоро дар атрофи шаҳри Санъо бомбборон карданд. Раиси ҷумҳури Яман, ки ба Арабистони Саудӣ паноҳ бурд, дар нишасти Лигаи арабӣ ширкат мекунанд. Қарор аст, Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал низ дар нишаст ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG