Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои созишномаҳо байни Чину Қазоқистон


Зимни сафари нахуствазири Қазоқистон ба Чин байни ду кишвар чанд созишнома бо арзиши 23 миллиарду 600 миллион доллар имзо шудааст. Ин созишномаҳоро рӯзи 27-уми март дар ҳузури Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон ва Ли Кегианг ҳамтои чинии ӯ имзо кардаанд. Ин санадҳо ҳамкорӣ дар арсаи истихроҷу тавлиди метал, полоиши нафт, энергетика ва тавлиди мошинро дар бар мегиранд. Нахуствазири Қазоқистон ҳамчунин бо Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, мулоқот кардааст. Чин солҳои ахир мақоми Русияро ба ҳайси воридкунандаи асосии мол дар Осиёи Марказӣ танг мекунад. Қазоқистон асосан ба Чин нафту газ ва ураниум ва дигар маҳсулоти саноатӣ ва ашёи хом мефурӯшад.

XS
SM
MD
LG