Пайвандҳои дастрасӣ

Хушқадам Хисравов, паҳлавонони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ёдбуди Анатолий Харлампиев, поягузори гуштии самбо, ки имрӯз, 27-уми март, дар Маскав шурӯъ шуд, иштирок хоҳад кард.

Дар мусобиқаи байналмилалии ёдбуди Анатолий Харлампиев, поягузори гуштии самбо, ки Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёбад, Тоҷикистонро Хушқадам Хисравов, паҳлавонони маъруфи тоҷик, намояндагӣ мекунад. Ин мусобиқа рӯзҳои 27-29-уми март дар Маскави Русия баргузор мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ муовини сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа хабар дод. Вай гуфт, дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз 35 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё ширкат мекунад.

Мусобиқа дар 9 вазн байни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор мешавад. Хушқадам Хисравов дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дар вазни 62 кило қувваозмоӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG