Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофтукоби манзили халабон дар Дюсселдорф


Акси Андреас Любитс дар Фейсбук
Акси Андреас Любитс дар Фейсбук

Кофтукоби чандинсоатаи полис дар манзили халабони олмонӣ Андреас Любитс , ки гумонбари асосии суқути ҳавопаймои ширкати Germanwings дар кӯҳистони Алпи Фаронса маҳсуб мешавад, субҳи рӯзи ҷумъа поён ёфт.

Бар пояи хабарҳо, кофтукоб дар манзили халабон дар шаҳри Дюсселдорф – ибтикори мақомоти ҳифзи тартиботи Фаронса буд. Аз ин пеш додситони шаҳри Марсели Фаронса Брис Робэн хабар дод, ки Любитс, халабони дуввуми ҳавопаймо, Аэробуси А320 барқасдона нобуд кардааст. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз кобин берун шудани пилоти якум Любитс дарро қулф карда, ҳавопайморо ба кӯҳ задааст.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки ҳангоми кофтукоб дар манзили Любитс далелҳои зиёде пайдо шуда, муфаттишони полис чизи хело муҳимеро ҳам кашф кардаанд.

Аэробуси А320 бо 150 сарнишину мусофир рӯзи 24 март аз шаҳри Барселонаи Испания сӯи шаҳри Дюсселдорфи Олмон парвоз мекард. Бештари мусофирони ҳавопаймо – шаҳрвандони Олмон буданд. Дар ин фоҷиа шаҳрвандони Австралия, Бритониё, Испания, Қазоқистон, Туркия, Эрон ва Ҷопон ҳам ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG