Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари "ҚазАтомПром" дар Пекин даргузашт


Нурлан Каппаров - раиси ширкати бузурги "КазАтомПром"-и Қазоқистон-бузаргтарин ширкати тавлидкунандаи уран дар ҷаҳон дар Пекин даргузашт. Вазорати корҳои хориҷаи Қазоқистон гузоришҳои матбуотиро дар ин бора таъйид кард ва гуфт, Нурлан Каппарови 44-сола 26 март аз ҳамлаи қалбӣ ҳангоми истеъмоли наҳор даргузаштааст.

Ба гуфтаи вазорат, дар Пекин сафорати Қазоқистон омодагӣ гирифтааст, ки ҷасади Каппаровро ба ватан фиристад. Каппаров аз моҳи августи соли 2014 раҳбарии "КазАтомПром"-ро бар уҳда дошт.

"КазАтомПром" ширкати атомии давлатист ва ба тавлиди маводи стратегӣ, аз ҷумла уран, берилл, тантал ва ниоб машғул аст.

Мухтор Ҷакишев, яке аз раҳбарони "КазАтомПром" ин ширкатро ба бузургтарин ширкати тавлидкунандаи уран дар ҷаҳон табдил дод. Вай аз соли 2009 дар зиндон ба сар мебарад ва ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст. Вайро барои дуздии моликият муттаҳам медонанд. Вале чанд нафар аз соҳибкорони қаввии Қазоқистон мегӯянд, ки ҳабси Ҷакишев ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG