Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи тилоии "Ҷаҳоннамо"


Телевизиони "Ҷаҳонанамо"-и Тоҷикистон, ки як муассисаи давлатист ва бештар бо пахши ахбори рӯзи кишвар ва ҷаҳон машғул аст, барандаи ҷоизаи тилоии "Тоҷ барои сифат" шудааст. Масъулони ТВ "Ҷаҳоннамо” мегӯянд, ин ҷоиза "дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав” шоми 22 март ба Абдумаҷид Усмон, мудири ин телевизион, дар Женева тақдим гардидааст.

Имсол донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ин ҷоизаро дарёфт намудааст.

Ҷоизаи "Тоҷ барои сифат" аз сӯи ширкати Business Initiative Directions ташкил ёфтааст. BID аз соли 1986 боз фаъол аст ва қароргоҳи аслияш дар Испания воқеъст. То кунун намояндагони 178 кишвари дунё ҷоизаҳои ин ширкатро соҳибӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG