Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳамлаҳои ҳавоии Саъудиро маҳкум кард


Яке аз минтақаҳои атрофи фурудгоҳи Санъо
Яке аз минтақаҳои атрофи фурудгоҳи Санъо

Эрон рақиби худ дар минтақа Арабистони Саъудиро барои оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ бар зидди шӯришиёни шиаи ҳусии Яман маҳкум кард ва онро “иқдоми хатарнок “номид.

Вазорати корҳои хориҷаи Эрон 26 март гуфт, ки амалиёти низомӣ “вазъро бештар печидатар” хоҳад кард ва “роҳҳои ҳали мусолиматомез”-и муноқиша дар ин нимҷазираи арабиро аз байн хоҳад бурд.

Пеш аз ин мақомоти Арабистони Саъудӣ ва матбуот гуфтанд, ки Арабистони Саъудӣ ва ҳампаймонҳои он бар зидди Ҳусиҳо ҳамлаҳои ҳавоиро оғоз кардаанд, то “аз ҳукумати қонунӣ дифоъ намоянд.

Матбуоти Саъудӣ мегӯяд, 100 ҳавопаймои ҷангӣ, 150 ҳазор сарбоз ва нируҳои дарёии худро сафарбар кардааст.

Урдун ва Миср таъйид карданд, ки аз эътилофи зери раҳбарии Арабистони Саъудӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Ба ин эътилоф Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Қатар ва Баҳрайн дохил мешаванд.

Покистон мегӯяд, ки пешниҳоди Саъудиро дар бораи ширкат дар ин эътилоф меомӯзад. Шӯришиёни Ҳусӣ, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешаванд, моҳҳои ахир зуд пешрафт карданд ва Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳурро водор карданд, ки аз Санъо-пойтахти Яман фирор кунад.

XS
SM
MD
LG