Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилофи Халиҷ ба Ҳусиҳо ҳамла мекунад


Дастаҳои вафодор ба Мансур Ҳодӣ

Дастаҳои вафодор ба Мансур Ҳодӣ

Арабистони Саъудӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс ба шӯришиёни Ҳусӣ дар Яман аз ҳаво зарба мезананд. Шӯришиёни шиа дар шаҳри Адан ҳузури худро тақвият медиҳанд. Дар ин шаҳр раиси ҷумҳури кишвар паноҳ бурдааст.

Фиристодаи Арабистони Саъудӣ барои Вашингтон 25 март гуфт, эътилофи иборат аз 10 кишвар дар маъракаи “дифоъ аз ҳукумати қонунӣ”-и Абд Раббу Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳури Яман ширкат доранд.

Баъдтар ҳавопаймоҳои номаълум ба фурудгоҳи Санъо-пойтахти Яман ва ба пойгоҳҳои бузурги низомӣ дар ҷануби кишвар аз ҳаво ҳамла карданд.

Баъд аз оғози амалиёт яке аз ёрони Мансур Ҳодӣ гуфт, ки Ҳодӣ дар пойгоҳи худ дар Адан қарор дорад ва “рӯҳияаш хуб аст”.

Яке аз раҳбарони боломақоми ҷунбиши Ҳусиҳои Яман гуфт, ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саъудӣ таҷовуз ба кишвари вайро афзоиш додааст ва ҳушдор дод, ки ин ҳамлаҳо метавонанд оғози “ҷанги густарда” дар минтақа шаванд.

Кохи Сафеди Амрико гуфт, ки Амрико аз ин амалиёт ҷонибдорӣ мекунад ва Барак Обама-раиси ҷумҳур “ҳимояти ақибгоҳӣ ва кашфро” иҷоза додааст.

XS
SM
MD
LG