Пайвандҳои дастрасӣ

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, аз ИМА барои ширкаташ дар амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон - дар «тулонитарин ҷанги берун аз хоки кишвар дар таърихи Амрико» изҳори сипос кард. Ӯ дар суханронӣ дар назди аъзои ҳарду палатаи Конгресси ИМА дар Вошингтон рӯзи 25 март гуфт, ки Афғонистон дар назди 2315 низомиёни ҷонбохта ва беш аз 20 ҳазор афсару сарбози ҷароҳатбардоштаи амрикоӣ қарздор аст.

Як рӯз аз ин пеш Кохи Сафед эълом дошт, ки 9800 афсару сарюолзи амрикоӣ то поёни соли 2015 дар Афғонистон мемонанд.

Ашраф Ғанӣ аз Вошингтон барои кӯмакаш дар бозсозӣ ва эҳёи иқтисоди Афғонистон ҳам ташаккур гуфт.

Дар суханронӣ дар Конгресс ӯ бонги изтироб зад, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба Осиёи Ғарбӣ ва Осиёи Миёна таҳдид мекунад. Ин гурӯҳ, ба гуфтаи Ашраф Ғанӣ, мусаллаҳонашро ба Афғонистон фиристодааст, то ҷойҳои осебпазири кишварро муқарар кунанд.

Аъзои Конгресс аз сарвари Афғонистон гарм истиқбол карданд.

XS
SM
MD
LG