Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сарони се кишвар ба ҷойи суқути Аэробус


Сарони Фаронса, Олмон ва Испания рӯзи 25 март ба ҷойи суқути ҳавопаймои ширкати Germanwings дар кӯҳистони Алпи Фаронса омаданд. Франсуа Ҳолланд, Ангела Меркел ва Мариано Рахой қабл аз мулоқот бо наҷотбахшон аз чархбол ҷойи суқути ҳавопайморо наззора карданд.

Аэробуси А320 дар хайсайри Барселона-Дюсселдорф бо 150 сарнишину мусофир рӯзи сешанбе дар кӯҳистони ҷануби Фаронса суқут кард.

Вазорати умури дохилии Фаронса рӯзи 25 март хабар дод, ки “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймо осеб дидаанд, аммо қобили истифодаанд.

Додситонии шаҳри Марсел 25 март ба пурсуҷӯи шоҳидони калидии фоҷиа шурӯъ кард. Сабабҳои суқути ҳавопайморо идораи бехатарии парвозҳои Фаронса – BEA низ тафтиш мекунад. Коршиносони олмонӣ ҳам рӯзи чоршанбе ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва қарор аст, ки баъд аз як ҳафта хулосаи худро эълом доранд.

Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ дар ҷойи суқути ҳавопаймо рӯзи 25 март аз сар гирифта шуданд. Ба навиштаи расонаҳо, бештари мусофирони ҳавопаймо – шаҳрвандони Олмон буданд. Дар ин фоҷиа шаҳрвандони Австралия, Бритониё, Испания, Қазоқистон, Туркия ва Ҷопон ҳам ба ҳалокат расидаанд.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 25 март тасдиқ кард, ки се шаҳрванди кишвар – Эрбол Имонқулов, Ойҷон Есенхалиева ва Одил Имонқулов – мусофирони ҳавопаймои суқуткарда буданд. Ҳадс зада мешавад, ки ҳамаи онҳо узви як хонавода буданд.

XS
SM
MD
LG