Пайвандҳои дастрасӣ

Афроди ношинос дар ҷойи қатли Борис Немтсов дар маркази Маскав рӯи акси ӯ ҳарфҳои таҳқиромез навишта, лавҳаи “Купруки Немтсов”-ро пора-пора карданд. Дар ин бора Иля Яшин, яке аз мухолифини давлати Русия, рӯзи 25 март дар Твиттер хабар дод.

Ҳамроҳ бо хабари беэҳтиромӣ ба ёди Немтсов дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси чаҳор зан ва се зане ҳам пайдо шуд, ки эҳтимолан дар ин кор даст доранд.

Масъулияти ҳамла ба ҷойи қатли Немтсовро гурӯҳи мавсум ба “Ҳаракати озодихоҳи SERB” бар дӯш гирифт.

Мақомоти ҳифзи тартиботи Русия ба ин ҳодиса вокунише нишон надодаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе одамон ба ҷойи қатли Борис Немтсов гулҳои тару тоза оварда, шамъ фурӯзон карданд.

Борис Немтсов, шоми 27 феврал дар канори Кремли Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт. Мақомоти Русия мегӯянд, ки ӯ аз сӯи исломгароҳои чечен барои пуштибонӣ аз нашри тасвири танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” кушта шудааст. Вале ин фарзияро ҳаммаслакони Немтсов қабул надоранд ва дар ин куштор Кремлро айбдор мехонанд.

XS
SM
MD
LG