Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон тайид кард, ки бар асари суқути ҳавопаймои ширкати олмонии Germanwings дар кӯҳистони ҷануби Фаронса, дасти кам се шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расидаанд. Аэробуси А320 бо 150 сарнишин рӯзи 24 март аз шаҳри Барселонаи Испания ба шаҳри Дюсселдорфи Олмон парвоз мекард.

Дар хабари вазорати умури хориҷӣ аз рӯзи 25 март, омадааст, се шаҳрванди Қазоқистон –Эрбол Имонқулови 50 сола, Ойҷон Есенхалиеваи 49-сола ва Одил Имонқулови 25 сола – мусофирони ҳавопаймои суқуткарда буданд. Ҳадс зада мешавад, ки ҳамаи онҳо узви як хонавода буданд. Ба иттилои вазорат, шаҳрванди Қазоқистон будани боз як қурбонӣ – Елене Блес тафтиш мешавад.

Миёни мусофирон овозхони маъруфи опера Олег Брижак, ки зодаи Қазоқистон буд ва 20 соли ахир дар театри операи шаҳри Дюсселдорф ҳунарнамоӣ мекард, низ ҳузур дошт. Ба навиштаи рӯзномаи олмонии “Билд”, Олег Брижак ҳамроҳ бо овозхони маъруфи олмонӣ Мария Раднер баъд аз иҷрои асари Рихард Вагнер “Зигфрид” дар Барселона ба Дюсселдорф бармегашт.

XS
SM
MD
LG