Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Фаронса тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймои ширкати Germanwings шурӯъ шуд. Аэробуси А320-и ширкати олмонӣ, ки бо 150 сарнишин аз шаҳри Барселонаи Испания ба шаҳри Дюсселдорфи Олмон парвоз мекард, рӯзи сешанбе дар кӯҳистони ҷануби Фаронса суқут намуд.

Додситонии шаҳри Марсел 25 март ба пурсуҷӯи шоҳидони калидии фоҷиа шурӯъ кард. Суқути ҳавопайморо идораи амнияти парвозҳои Фаронса – BEA низ тафтиш мекунад. Коршиносони олмонӣ ҳам рӯзи чоршанбе ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва қарор аст, ки баъд аз як ҳафта хулосаи худро эълом доранд.

Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ дар ҷойи суқути ҳавопаймо рӯзи 25 март идома карданд. Намояндаи ширкати Germanwings изҳор намуд, ки фарзияи аслӣ – суқути ҳавопаймо бар асари ҳодисаи тасодуфӣ маҳсуб мешавад.

Ба навиштаи расонаҳо, бештари мусофирони ҳавопаймо – шаҳрвандони Олмон буданд. Дар ин фоҷиа шаҳрвандони Австралия, Бритониё, Испания, Қазоқистон, Туркия ва Ҷопон ҳам ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои полиси Фаронса, интиқоли ҷасадҳои қурбониёни ҳодиса аз ин минтақаи кӯҳистон шояд чанд рӯзро дарбар гирад.

XS
SM
MD
LG