Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Кумитаи забон бо "Пичин-мичин"


Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо масъулони фурӯшгоҳи "Пичин-мичин" вориди баҳс шуда, аз онҳо талаб кардааст, то унвони мағозаашонро тағйир диҳанд. Раҳим Зулфониён, сармутахассиси Кумитаи забон ва истилоҳот, 24 март ба Радиои Озодӣ гуфт, "номгузорӣ шудани мағозаи ширинифурӯшие бо ибораи "Пичин-мичин" дар ягон чорчӯбаи забони тоҷикӣ намеғунҷад."

Вале ба қавли ин масъули Кумитаи забон ва истилоҳот, дар посух соҳиби фурӯшгоҳ гуфтааст, ба шеваи адабӣ номгузорӣ кардани мағоза муштариёнро мегурезонад ва ба ҷайби онҳо зиён меоварад.

Тайи як соли охир Кумитаи забон ва истилоҳот талош дорад, то тамоми номи фурӯшгоҳҳо ва қаҳвахонаю тарабхонаҳоро тоҷикӣ кунад. Аммо табдили номи "Pizza" ба "Питзо" дар бинои меҳмонхонаи "Азия Гранд Ҳотел"-и Душанбе дар соли гузашта баҳсҳои дунболадореро ба вуҷуд оварда буд.

XS
SM
MD
LG