Пайвандҳои дастрасӣ

Аласания аз Саакашвилӣ ҷонибдорӣ намекунад


Ираклӣ Аласания

Ираклӣ Аласания

Ираклӣ Аласания-раҳбари Ҳизби озоди демократҳои Гурҷистон, ки ҳизби мухолифи ҳукумат шинохта мешавад мегӯяд, ки ба Ҷунбиши миллии Муттаҳидаи Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешин ҳамроҳ нахоҳад шуд ва ба ҳукумат райи адами эътимод нахоҳад дод.

Аласания, ки ҳизбаш 9 курсии порламонро аз 150 курсӣ дар ихтиёр дорад, ҳам аз Саакашвилӣ ва ҳам аз Бидзина Иванишвилӣ интиқод кард. Иванишвилӣ эътилофи Орзуи Гурҷистонро соли 2012 ба сари ҳукумат овард.

Аласания зимни сухунони худ дар Бруссел ба хабарнигорон гуфт, ки Саакашвилӣ ва Иванишвилӣ рақибони сарсахт ҳастанд ва “барои тасондани мардум чунин рақобатро истифода мебаранд”.

21 март даҳҳо ҳазор нафар ҷонибдорони Ҷунбиши Миллии Муттаҳидаи Саакашвилӣ дар раҳпаймоие дар Тифлис истеъфои ҳукуматро тақозо карданд.

XS
SM
MD
LG