Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва кормандони пулиси Қирғизистон гурӯҳеро хунсо кардаанд, ки ба сарнагунии давлати кунунии Қирғизистон даъват мекард.Дар ин бора 24 март Кумитаи амнияти миллии ин кишвар ба матбуот хабар додааст.

Бино ба ин хабар, афроди боздоштшуда дар қаламрави ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод фаъолият мекардаанд. Ҳамаи онҳо аъзои Ҳизбуттаҳрир муаррифӣ шудаанд. Фаъолияти ин ҳизбро дар Қирғизистон мамнуъ эълон кардаанд.

Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, ин гурӯҳ ҳамчунин фаъолияти созмонҳои маҳаллии тундравро бо фаъолияти марказҳои ифротгарои хориҷӣ ҳамоҳанг мекард.

Кумитаи амният мегӯяд, барои халал ворид нашудан ба ҷараёни расидагӣ номи афроди боздоштшуда ва шумораи онҳо эълон намешавад.

XS
SM
MD
LG