Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми расмии Афғонистон мегӯяд, наздикиҳои бомдоди 24 март дар шоҳроҳи Кобул-Ғазнӣ афроди мусаллаҳ ба сӯи мусофирон оташ кушодаанд ва 13 нафар ба қатл расидааст.

Ҳамлаи мазкур дар ҳоле рух дод, ки боздиди Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон аз Амрико идома дорад ва вай дар ин боздид ба хушунатҳои доимӣ баъд аз хуруҷи нируҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон таъкид кардааст.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ-сухангӯи сарпарасти вилояти Вардак гуфт, ки афроди мусаллаҳ ба сӯи се мошин, аз ҷумла як автобус, оташ кушодаанд.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, ки ҳамаи 13 нафари кушташуда савори автобус будаанд. Вай аз номи муовини воли вилояти ҳаммарзи Ғазнӣ гуфтааст, ки афроди мусаллаҳ ин 13 нафарро ҷудо кардаанд ва як-як паррондаанд.

Дар ин ҳамла ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳамла соати яки шаб дар минтақаи Ҳафтосиёби вулусволии Саидобод рух додааст.

XS
SM
MD
LG