Пайвандҳои дастрасӣ

Чин се мардро дар минтақаи Шинҷон эъдом кард. Ҳукумат онҳоро барои ташкили ҳамлаи маргбор бо корд муттаҳам медонист. Додгоҳи шаҳри Кунминги ин минтақа Искандар Эҳет, Турғун Тухтаниёз ва Ҳасан Муҳаммадро 24 март эъдом кард.

Эъдом дар ҳоле анҷом гирифт, ки Додгоҳи Олӣ гуноҳи онҳоро дар ташкили одамкушӣ, ташкили созмони террористӣ ва раҳбарии он тасдиқ кард. 1 марти соли 2014 дар истгоҳи роҳи оҳан дар Кунминг 5 кордбадаст 31 нафарро ба қатл расонданд ва 141 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд.

Онҳо аз ҷудоихоҳони ақалиятҳои мусулмони Уйғури Чин будаанд, ки ба маҳдудиятҳои фарҳангиву мазҳабӣ рӯ ба рӯ мебошанд.

Мақомот мегӯянд, ки худи Эҳет, Тухтаниёз ва Муҳаммадду рӯз пеш аз ҳамла ҳангоми талоши фирор аз Чин боздошт шудаанд. Додгоҳи Кунминг гуфтааст, ки ин панҷ нафари дигар баъд аз гум кардани иртибот бо се раҳбари худ ҳамларо анҷом додаанд.

4 нафари онҳо эъдом шуда буданд, вале як нафари онҳо, ки зани ҳомила буд, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз эъдомҳо ва ҳабсҳои гурӯҳӣ дар Шинҷони Чин изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG