Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати писари Янукович дар кӯли Байкал


Виктор Януковичи хурдӣ

Виктор Януковичи хурдӣ

«Ҳизби манотиқ» рӯзи 23 март хабари ҳалокати писари Виктор Янукович, раисиҷумҳури пешини Украинаро тасдиқ кард. Дар хабаре дар бораи ҳалокати ӯ Шӯрои сиёсии ҳизб ба пайвандони Виктор Януковичи хурдӣ изҳори тасаллият намудааст. Раисиҷумҳури Янукович то соли 2014 раҳбарии «Ҳизби маноиқ»-ро бар ӯҳда дошт.

Дар бораи даргузашти писари сарвари пешини Украина расонаҳо рӯзи якшанбе хабар доданд. Мошини ӯ дар кӯли Байкал зери ях рафт. Дар раёсати вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар Иркутск ҳодисаи дар Байкал рӯйдодаро тасдиқ карданд ва аммо гуфтанд, ки насаби қурбонии ҳодиса на Янукович, балки Давидов мебошад. Баъдан дар интернет хабаре нашр шуд, ки Януковичи хурдӣ қабл аз тарки Украина насаби модараш Людмила Давидоваро гирифтааст.

Ба иттилои хабаргузориҳо, писари раҳбари пешини Украина рӯзи 23 март дар Севастопол макони охират пайдо кард – модари ӯ дар ин шаҳр зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG