Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ангезаи асосии куштори сиёсатмадори мухолифи Кремл Борис Немтсов шояд ҳамкории ӯ бо Амрико дар таҳияи феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия бошад. Дар ин бора нашрияи Frankfurter Allgemeine Sonntagszeitung, чопи Олмон, бо такя ба манбаъҳояш дар хадамоти кашфи кишвар хабар додааст.

Ба навиштаи рӯзнома, Немтсов дар ҷараёни таҳияи таҳримҳо алайҳи сиёсатмадорон ва тоҷирони рус дар робита ба илҳоқи нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия бо мақомоти Амрико табодули ахбор мекард.

Владимир Милов, як тан аз мухолифини ҳукумати Русия, ин фарзияи куштори Немтсовро воқеъитар мехонад. Ба гуфтаи ӯ, Владимир Путин ва атрофиёнаш интизор надоштанд, ки таҳримҳо ба бахши молияи кишвар зарбаи ҷонкоҳ мезананд. Владимир Милов ба рӯзнома гуфтаааст, ки Кремл дар ин гуна бархӯрди шадиди Ғарб Немтсовро масъул мехонд.

Аз ин пеш Борис Немтсов дар ҷараёни таҳияи «Рӯйхати Магнитский» дар соли 2012 ҳам бо мақомоти ИМА ҳамкорӣ карда буд. Ба иттилои рӯзномаи олмонӣ, Немтсов соли гузашта бо сенаторҳои амрикоӣ Ҷон Маккейн ва Рон Ҷонсон мулоқот карда, ному насаби 13 нафар, аз ҷумла, афроди наздик ба Путинро, барои вуруд ба феҳристи густурда ба онҳо ироа карда буд.

Frankfurter Allgemeine Sonntagszeitung навиштааст, ки фаъолияти Немтсов аз сӯи миллиардери амрикоӣ Ҷорс Сорос сармоягузорӣ мешуд.

Борис Немтсов, шоми 27 феврал дар канори Кремли Маскав дар ҳоле ҳадафи тир қарор гирифт, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт. Мақомоти Русия мегӯянд, ки ӯ аз сӯи исломгароҳои чечен барои пуштибонияш аз нашри тасвири танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG