Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Тед Круз дар интихобот ширкат мекунад


Сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Техас Тед Круз расман эълом дошт, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА дар соли 2016 ширкат хоҳад кард. Ӯ рӯзи 23 март дар Твиттер навишт, ки “ман барои мақоми президентӣ номзад мешавам ва ба пуштибонии шумо умедворам”.

Тед Круз, амрикоии кубатабор, ки 44 сол дорад, нахустин сиёсатмадори воломақом аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон аст, ки аз тасмимаш дар бораи талоши дарёфти курсии раисиҷумҳури Амрико хабар додааст. Қарор аст, ки ин сиёсатмадор ва намояндаи “Ҳаракати чойнӯшӣ”, тасмимашро расман дар суханроние дар Донишгоҳи Озодӣ дар Вирҷиния рӯзи душанбе эълом дорад.

Тайи чанд ҳафтаи оянда дигар номзадҳо ба мақоми президенти ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон низ тасмимашонро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷуиҳурӣ эълом хоҳанд дошт.

То имрӯз волии собиқи Флорида Ҷеб Буш, волии Висконсин Скотт Уокер ва волии Техас Рик Перрӣ номзадҳои эҳтимолии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии соли оянда маҳсуб мешаванд.

XS
SM
MD
LG