Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани 9 нафар ва ҷароҳат бардоштани ду тани дигар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар манотиқи мухталифи кишвар хабар додааст. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 23 март ба Радиои Озодӣ иттилоъ додаанд, ки муддати се рӯзи ахир, яъне аз 20 то 22 март дар манотиқи мухталифи кишвар бар асари садамаҳои нақлиётӣ 9 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки яке аз онҳо наврас аст.

Ба иттилои ин манбаъ, санаи 20 март Алиев Нодиршоҳ, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Москва ба самти ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Эшматов Амрохон соли таваллудаш 1962, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” -ро, ки дар қафои автомашинааш дар канори рости роҳ меистод, пахш намудааст, ки дар натиыа Эшматов А дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохили Тоҷикистон рӯзи 21 март Раҳимов Абдулхайр, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Панҷакент, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Сурф”, ҳангоми ҳаракат дар рощи Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёрӣ, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда Раҳимов ва мусофирони дохили автомашина - Мирзоев Хуҷамурод, соли таваллудаш 1986, Собиров Ҳаким, соли таваллудаш 1989 ва хурдсол Бобоёров Зоҳитшоҳ, соли таваллудаш 2012, сокинони ноҳияи Панҷакент ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин ба иттилои ин манбаъ дар ҳамин рӯз, Шарифов Аминҷон сокини ноҳияи Шаҳринав,соли таваллудаш 1995, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада-Приора”, рақами давлатиаш 61-81 СВ 01, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба қисми ақиби автомашинаи боркаши тамғаи “МАН”, таҳти идораи ронанда Тайталиев Абдуносир соли таваллудаш 1963, ки дар канори роҳ меистод, бармехӯрад. Дар натиҷа худи ронанда Шарифов А. ва мусофирони автомашинаи мазкур Назаров Абдурасул, соли таваллудаш 1991 ва Шарифов Хуршед, соли таваллудаш 1999, сокинони ноҳияи Шаҳринав ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дигар мусофирони автомашина -Сафаров Абдуманон соли таваллудаш 1992 ва Раҳимов Зоирҷон соли таваллудаш 1993, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳодисаи дигаре, ки дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ зикр мекунад, ин рӯзи 22 март рух дода ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, рақами давлатиаш 01-36 ВА 03 Саидов Зулфиқор соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстон-Қалъаи ноҳия ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан, хурдсол Шокиров Ёқубҷон соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа Шокиров Ё. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Нӯҳ қурбонии садамаи нақлиётӣ дар се рӯзи ахир дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ ду садамаи нақлиётӣ дар Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Роштқалъа 17 қурбонӣ оварда буд. Бар асари сарозер шудани як мошини мусофирбар ба дарёи Яхрӯд дар Кӯҳистони Мастчоҳ, дар таърихи 6 январи соли ҷорӣ, 11 нафар ҷон бохтаанд. Ҳамчунин дар як садамаи дигари нақлиётӣ дар ноҳияи Роштқалъа, 6 нафар ҳалок шуда буданд.

XS
SM
MD
LG