Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози даҳҳо ҳазор ҷонибдорони Саакашвилӣ


Тифлис, 21 март

Тифлис, 21 март

Даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Тифлис-пойтахти Гурҷистон ба эътироз баромаданд ва истеъфои ҳукуматро тақозо карданд. Ин тазоҳуроти эътирозӣ бо даъвати ҳизби Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллии Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешин баргузор шуд.

Дап паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони тазоҳурот Михаил Саакашвилӣ гуфт, “Моро вазифаи мушитарак муттаҳид кардааст ва мо бояд Гурҷистонро аз ҳукумате, ки кишварро хароб мекунад, раҳо намоем”.

Георги Габашвилӣ-намояндаи пешини порламон аз ҳизби Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ гуфт, ки чунин тазоҳурот дар рӯзҳои оянда дар саросари Гурҷистон баргузор хоҳад шуд.

Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ эътилофи ҳоким, яъне эътилофи Орзуи Гурҷистонро, ки ҳоло дар раҳбарии ҳукумат қарор дорад,муттаҳам кард, ки иқтисоди кишварро ба нобудӣ мебарад.

Тақрибан 30 дарсад коҳиши пули миллии Гурҷистон бо номи ларӣ дар давоми як соли гузашта таварруми пул ва бекориро дар миёни аҳолии гурҷӣ афзоиш додааст.

Саакашвилӣ ҳоло дар Украина ба сар мебарад ва мушвири раиси ҷумҳури Украина мебошад.

XS
SM
MD
LG