Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уҷалон ҷонибдоронашро ба сулҳ даъват кард


Абдуллоҳ Уҷалон (акс аз соли 1993)
Абдуллоҳ Уҷалон (акс аз соли 1993)

Абдуллоҳ Уҷалон-раҳбари зиндонии курдҳои Туркия 21 март бори дигар аз ҷонибдорони худ хост, ки ба муборизаи мусаллаҳонаи худ бар зидди Туркия хотима диҳанд ва “марҳилаи нав”-и муносиботи миёни туркҳову курдҳоро гиромӣ доранд.

Дар як паём, ки Уҷалон ба муносибати ҷашни Наврӯз қироат мекард, гуфт ки Ҳизби Коргарии Курдистон ё ПКК бояд анҷумане баргузор ва дар он тасмим бигирад, ки аслиҳаро канор бигзоранд ва ва ба ҳали сулҳомез розӣ шаванд.

ПКК аз 30 сол пеш барои ба даст овардани истиқлоли Курдистон бар зидди Туркия муборизаи мусаллаҳона анҷом медиҳад. Дар ин муборизаҳо ҳудуди 40 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Соли 2013 Абдуллоҳ Уҷалон ҷонибдорони худро ба оташбас даъват кард ва аз шӯришиёни курд хост, ки аз қаламрави Туркия хориҷ шаванд. Аммо курдҳо мегӯянд, ки ҳукумати Туркия ба ваъдаи худ вафо накрдааст.

То ҳол ПКК ба ин даъвати Абдуллоҳ Уҷалон посух надодааст.

XS
SM
MD
LG