Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Атамбоев аз Аврупо ва хости HRW


Алмосбек Атамбоев

Алмосбек Атамбоев

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо Фаронсаву Олмон ва Шветсария бояд фишор ба Алмосбек Атамбоев-раиси ҷукмҳури Қирғизистонро барои нигарониҳо аз вазъи ҳуқуқи башар дар кишвараш бештар кунанд. Боздиди Атамбоев 22 март аз пойтахти ин кишварҳо оғоз мешавад ва вай бо раҳбарони баландпояи ин кишварҳо музокира анҷом медиҳад.

Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, раҳбарони Аврупо бояд ваъдаи дақиқ бигиранд, ки ду пешнависи қонун бояд аз миён бардошта шавад. Яке дар бораи таблиғоти зидди ҳамҷинсгароӣ ва дигарӣ дар бораи “агентҳои хориҷӣ”.

Human Rights Watch мегӯяд, ки ин ду пешнависи қонун ҳуқуқҳои башар ва фаъолиятҳои созмонҳои ғайридавлатиро маҳдуд мекунад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳамчунин гуфтанд, ки раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бояд ба Атамбоев фишор оранд, то Азимҷон Аскаров-мудофеи ҳуқуқи башарро ба зудӣ аз зиндон раҳо кунанд ва фишор ба гурӯҳҳои ҳуқуқи башарро хотима диҳанд.

XS
SM
MD
LG