Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Британияву Фаронса ва Олмону Амрико таъйид карданд, ки роҷеъ ба музокироти ҳастаии Эрон “ҳадафҳои ягона” доранд ва Эрон бояд ба “тасмими мушкил” розӣ шавад.

Шоми 21 март вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои мазкур дар Лондон мулоқот карданд ва пешрафтҳо роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эронро баррасӣ намуданд.

Баъд аз мулоқоти Лондон Филип Ҳаммонд-вазири корҳои хориҷаи Британия изҳороти муштаракро қироат кард ва гуфт: “Мо мувофиқ ҳастем, ки дар бахшҳои калидӣ пешрафти воқеӣ ба даст омад, бо вуҷуди он ки мавзӯъҳои дигари муҳим низ ҳастанд ва роҷеъ ба онҳо тавофуқ имконпазир набуд”.

Ҳайатҳои музокираи шаш қудрати ҷаҳонӣ бо ҳайати Эрон тамоми ҳафтаи гузашта дар Шветсария машғули музокира буданд, то дар ивази коҳиши таҳримҳои иқтисодӣ ба Эрон барномаҳои ҳастаии онро боздоранд.

Ҷонибҳо бояд то 31 март роҷеъ ба ин барномаҳо ба тавофуқ бирасанд ва то 30 июни соли ҷорӣ роҷеъ ба он созишнома ба имзо расад.

XS
SM
MD
LG