Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 80 тундрав кушта шудаанд


Минтақаи Хайбар
Минтақаи Хайбар

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки нируҳои ин кишвар дар давоми як ҳафтаи ахир дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ва амалиёти заминӣ 80 тундравро дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон нобуд кардаанд. Бино ба гуфтаи мақомоти низомӣ, 22 март дар даргириҳои водии Тира дар вулусволии қабиланишини Хайбар ҳамчунин 7 сарбоз низ ба қатл расидаанд.

Осим Баҷво-раҳбари бахши матбуотии артиш дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст: “Дар Хайбар террористҳо аз лонаҳои худ берун ва ба тарафи марз по ба фирор ниҳодаанд. Феълан 80 террорист кушта, тақрибан 100 нафари дигар дар ин марҳила захмӣ шудаанд”.

Ин рақамҳоро манобеи мустақил таъйид накарданд.

Толибони Покистон ва Лашкари Ислом дар ин минтақа ҳузури қаввӣ доранд. Сухангӯи Толибон ҳам таъйид кардааст, ки аз 3 рӯз ба ин сӯ дар минтақа даргириҳои шадид идома дорад.

Баъд аз куштори 150 нафар дар моҳи декабри соли гузашта дар як мактаби Пешовар ҳукумати Покистон бар зидди тундравҳо амалиёти густардаеро роҳандозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG