Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: Пешравӣ ҳаст, холигоҳҳо боқӣ мондаанд


Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф
Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ки дар музокироти ҳастаии Эрон “пешрафти қобили мулоҳиза” ба даст омадааст, вале ҳанӯз холигоҳҳое боқӣ мондаанд.

Вай ин нуктаро дар Шветсария бо вазирони корҳои хориҷаи Олмону Фаронса ва Британия қабл аз сафараш ба Лондон изҳор доштааст.

Ҷон Керрӣ сару садоҳоро дар ин бора, ки гӯё роҷеъ ба коҳиши таҳримҳои зидди Эрон миёни Амрикову Фаронса ихтилофи назар ба вуҷуд омадааст, рад кард.

Вай гуфт: “ҳадафи мо ва бархӯрди мо ба масъала якест ва мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки барномаҳои ҳастаии Эрон комилан сулҳомез аст”. Ҷон Керрӣ афзуд, ҳар гоҳ, ки вақти тасмими бунёдӣ фаро расид, Вашингтон дар бораи тавофуқ бо Теҳрон ба саросемагӣ роҳ нахоҳад дод. Ба гуфтаи вай , ҳадафи онҳо танҳо тавофуқот нест, агар онҳо ба саросемагӣ роҳ медоданд, ин тавофуқро аз муддатҳо қабл эълон мекарданд.

Дар остонаи Наврӯз музокироти ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар Шветсария муттаваққиф шуд ва ҷонирбҳо баъд аз Наврӯз музокираро идома медиҳанд ва бояд то 31 март тавофуқоти пешакӣ ба даст ояд. Мӯҳлати тавофуқоти ниҳоӣ 30 июн пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG