Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли ҷорӣ Наврӯзро 300 миллион нафар дар ҷаҳон баргузор мекунанд. Дар кишварҳои мухталиф, ки акнун Наврӯзро ҷашни худӣ медонанд, ҳарчанд ин вожа Новруз, Нуруз, Невруз, Наурыз, Нооруз талаффуз мешавад, аммо моҳият ҳамон аст.

Соли 2009 Маҷмаи умумии Созмони Милал Наврӯзро мероси маънавӣ-фарҳангии ЮНЕСКО эълон кард ва он ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва номи рӯзи байналмиллалии Наврӯзро гирифт. Ҳоло дар Эрону Тоҷикистон, Афғонистону Покистон, Озарбойҷону Узбакистон, Қирғизистону Қазоқистон, дар минтақаҳои курднишини Ироқу Сурия, дар Ҳиндустон, Гурҷистону Туркия Македонияву Шинҷони Чин, дар ҷумҳуриҳои мухталифи мухтори Русия дар Тотористону Бошқирдистон, дар Доғистону Чеченистон ва кишварҳои дигари ҷаҳон Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Соли ҷорӣ ҳамчунин Мишел Обама - хонуми аввали Амрико дар Кохи Сафед ба ин муносибат маросими наврӯзӣ барпо кард.

Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои ҷаҳон ба шумор меравад ва аз қарни 6-4 пеш аз милод аз замони Ҳахоманишҳо то ба замони мо расидааст. Солҳои ахир ҳолу ҳавои наврӯзӣ тақрибан дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон эҳсос мешавад ва Наврӯз шукӯҳи худро нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG